Ru  | Tj
Бар густариши ҳамкориҳои муштараки амниятии Тоҷикистону Русия таҷдиди назар шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бар густариши ҳамкориҳои муштараки амниятии  Тоҷикистону Русия таҷдиди назар шуд
Акс: Sputnik

Бар густариши ҳамкориҳои муштараки амниятии Тоҷикистону Русия таҷдиди назар шуд

Нашр шуд

Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистон ва Русия барои мубориза бо терроризм ва дигар амалҳои ҷиноӣ густариш меёбад.

 Ба иттилои Вазорат 18-уми декабр Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода бо роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров мулоқот намуд.

Ба иттилои манбаъ дар ин дидор зимни масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар терроризм бар кори муштарак барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубодилаи иттилооти фаврӣ ва дигар мавзӯҳо гуфтугӯ сурат гирифтааст.

 Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам рушду густариш додани ҳамкорӣ ва муборизаи муштарак таъкид намудаанд.


Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён соҳиби китобхона ва ошхонаи нав шуданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед