Ru  | Tj
Баргузории Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баргузории Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе
Расм аз triit.ru

Баргузории Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе

Нашр шуд

Бахшида ба рӯзи Пойтахт, дар шаҳри Душанбе XI Ниммарафони байналмилалӣ мегузарад. Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ оиди ин чорабинӣ имзо шудааст.

Ин чорабинӣ 17 апрели соли ҷорӣ гузаронда мешавад ва иштирокчиён аз ҳамаи бародаршаҳрҳои Душанбе иштирок меварзанд.

Хароҷотҳо барои корҳои омодагӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр буда 493 ҳазор сомонӣ ҷудо шудаанд.

Хотиррасон мекунем, ки дар охирин Ниммарафони 22 киллометра дар Душанбе баргузор гардида намояндаи Эфиопия Фенте Гирма ғолиб омад. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро намояндагон аз Украина соҳиб гаштанд. Соли 2020 бинобар сабаби Пандемия ин чорабинӣ ба таъхир уфтод.

Бародаршаҳрҳои Душанбе Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон ва Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Русия), Минск (Беларус), Урумчи (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин), Ашқобод (Туркманистон) ва Чиндао (Чин) мебошанд.

Иштироки хонандагони тоҷик дар озмуни Менделеев





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед