Ru  | Tj
Барномаи ҷаҳонии озӯқаи СММ тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барномаи ҷаҳонии озӯқаи СММ тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристод
Акс: Интернет

Барномаи ҷаҳонии озӯқаи СММ тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристод

Нашр шуд

Барномаи ҷаҳонии озӯқаи Созмони Милали Муттаҳид (UN WFP) ба интиқол додани маводи ғизоӣ  ба хонаводаҳои афғон, ки дар зимистони имсол ба гӯруснагӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд, оғоз намуд. 

Ба иттилои "Азия-плюс",  нахуст корвони 7 мошини боркаш аз анборҳои UN WFP-и шаҳри Душанбе ба самти шимолу шарқи вилояти Бадахшони Афғонистон раҳсипор гардид. 

Ба иловаи манбаъ, кӯмаки башардӯстонаи хӯрокворӣ аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он дар Афғонистон ҷиҳати амалӣ намудани амалиётҳои наҷотдиҳӣ истифода мешавад.

"Ҳамкорони мо аз  Барномаи ҷаҳонии озӯқаворӣ дар Афғонистон ба дилхоҳ кӯмаке, ки аз ҷониби мо расонда мешаванд, ниёз доранд. Минтақаҳои Афғонистон бояд сари вақт бо ғизо таъмин гарданд, чунки баробари боридани барф роҳҳо дар минтақаҳои дурдасти кишвар, алалхусус Бадахшони Афғонистон, баста мешаванд",- шарҳ додааст намояндаи Барномаи ҷаҳонии озӯқаворӣ дар Тоҷикистон, Адҳам Мусаллам.

Зикр мегардад, ки Афғонистон бо суръат ба бузургтарин бӯҳрони гуманитарӣ мубаддал шуда истодааст. Аз аввали соли 2021 WFP 14,8 миллион нафар аҳолии ин кишварро бо маводи озӯқаворӣ таъмин намудааст.

Барномаи ҷаҳонии озӯқаи СММ дар соли 2020 барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел гардид.


Дар Душанбе Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед