Ru  | Tj
Барномаи ҷаҳонии озуқа: Зиёда аз 12 миллион нафар дар Афғонистон бо камбуди шадиди ғизо рӯбарӯ ҳастанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барномаи ҷаҳонии озуқа: Зиёда аз 12 миллион нафар дар Афғонистон бо камбуди шадиди ғизо рӯбарӯ ҳастанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Барномаи ҷаҳонии озуқа: Зиёда аз 12 миллион нафар дар Афғонистон бо камбуди шадиди ғизо рӯбарӯ ҳастанд

Нашр шуд

Барномаи ҷаҳонии ғизо мегӯяд, беш аз 12 миллион нафар дар Афғонистон намедонанд, ки ғизои навбатии онҳо аз куҷо таъмин мешавад.

Ин созмон 17 сентябр бо нашри як матлаб дар шабакаи X гуфт, ки ҳудуди чаҳор миллион кӯдак, навзодон ва модарони ширдеҳ дар Афғонистон аз камғизоӣ ранҷ мебаранд.

Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфтааст, барои идомаи фаъолияташ дар шаш моҳи оянда ба таври фаврӣ ба 677 миллион доллар маблағ ниёз дорад.

Дар моҳи июни соли ҷорӣ ин ниҳод ҳамчунин гуфта буд, ки чаҳоряки мардуми Афғонистон гурусна хоб мераванд. 

Дар  моҳи июли имсол Барномаи ҷаҳонии озуқа эълон кард, ки ба далели камбуди маблағ танҳо то моҳи октябр метавонад ба як миллион нафар кумаки ғизоӣ расонад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи омори СММ, дар соли ҷорӣ 23,7 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Дафтари кумакҳои башардӯстонаи СММ, дар соли ҷорӣ барои ҳалли мушкилоти қишрҳои осебпазир дар Афғонистон 3 миллиарду 600 миллион доллар маблағ дархост карда буд, аммо ахиран эълом дошт, ки танҳо 25 дарсади ин маблағ таъмин шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед