Ru  | Tj
Барномаи нави ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҳия мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барномаи нави ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҳия мегардад
Акс: Интернет

Барномаи нави ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҳия мегардад

Нашр шуд

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат рӯзи 15-уми октябр бо Муовини мудири иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар умури барномаҳо Умар Абдӣ мулоқоти расмӣ анҷом дод.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҷонибҳо диққати махсусро ба раванди таҳияи Барномаи нави давлатии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон равона намуданд.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот масъалаи ташкили чорабинии канорӣ дар қолаби Конфронси оби Душанбе дар соли 2022 дар маркази таваҷҷӯҳи тарафҳо қарор гирифт. 

Ҳамчунин, дар рафти дидор масъалаи вазъи кунунии ҳуқуқи башар дар Афғонистон, алалхусус, ҳуқуқи занону духтарон аз мадди назари ҷонибҳо дур намонд. 

Зимнан, намояндаи Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ изҳор доштаанд, ки расонидани кӯмаки мустақими фаврии гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон аҳамиятнок буда, барои роҳ надодан ба фоҷиаи гуманитарӣ дар ин кишвар ҳамкории байналмилалӣ тақвият дода шавад.

Хотиррасон менамоем, ки моҳи августи соли 2021 кормандони Хазинаи СММ (ЮНИСЕФ) дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод намуда буданд, ки ҷиҳати интиқол додани кӯмаки башардӯстона ба беш аз 18 миллион аҳолии Афғонистон долони ҳавоӣ таъсис дода шавад.



"Фалак" ва атласу адрасбофӣ низ ба ЮНЕСКО пешниҳод мешаванд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед