Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Барномаи “Рушди футболи деҳот” дар Тоҷикистон тасдиқ шуд
Нашр шуд
Федератсияи Футболи Тоҷикистон бо ҳамроҳии Кумитаи кор бо ҷавонон барномаи махсуси рушди футбол дар деҳот барои солҳои 2021-2024–ро қабул намуд.
Барномаи мазкур тақвият бахшидани футбол миёни ҷавонону наврасони дар деҳаҳои Тоҷикистонро дар назар дорад. Тибқи ин барнома дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёд намудани майдончаҳои варзишӣ, ташкили мусобиқаҳои хурду бузург ва ҷалби наврасон ба ин намуди варзиш ба нақша гирифта шудааст.
Дар мусобиқаҳо шахсони аз 18 то 35-сола метавонанд иштирок менамоянд. Хароҷотҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сарпарастон пардохт шуда, барои ташкили мусобиқа, ҳаққи хизмати доварон, ҷойизаҳо ва туҳфаҳо масраф мешаванд.
Барнома то соли 2023 сохтани лигаи деҳотро дар нақша дорад.
Чанде пеш дар Ҷумҳурӣ лигаи кучагӣ низ гузаронида шуда буд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед