Ru  | Tj
Барномаи СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон мувофиқа шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барномаи СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон мувофиқа шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Барномаи СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон мувофиқа шуд

Нашр шуд

Баъди 11 соли раванди музокирот лоиҳаи ниҳоии барномаи байнидавлатии СПАД барои таҳкими марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон барои пешниҳод ба нишасти сарони ин созмон мувофиқа карда шуд.

Рӯзи 21 июн дар Алмаато ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти раёсати ҷониби Қазоқистон баргузор шуд.

Иманғали Тасмағамбетов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар бораи вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви ин созмони гузориш дод.

Иштирокчиёни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои байналмилалиро бо таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои таҳти пӯшиши СПАД муфассал баррасӣ карданд.

Дар поёни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ баъди анҷоми раванди музокироти 11-сола тарҳи Барномаи байнидавлатии СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасдиқ  карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин ҷаласа таъкид кард, ки моҳи июли соли ҷорӣ барномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои таҳкими марз бо Афғонистон барои имзо ба ҷаласаи сарони кишварҳои ин созмон пешниҳод шавад.

«Имрӯз бо қабули қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ раванди музокироти ёздаҳсола ҷиҳати таҳияи барномаи байнидавлатии СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба поён мерасад. Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки барномаи мазкур дар моҳи июл дар Шӯрои амнияти дастаҷамъии (сарони давлатҳои) СПАД имзо шавад», - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, Тоҷикистон танҳо узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ  аст, ки бо Афғонистон наздики 1400 км марзи муштарак дорад.

Гуфтанист, дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон узв ҳастанд.  Дар соли 2024 раёсати ин созмонро ҷониби Қазоқистон ба ӯҳда дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед