Ru  | Tj
Бародарзодаи Назарбоев 1,6 миллиард доллар дороиро ба давлат баргардонд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бародарзодаи Назарбоев 1,6 миллиард доллар дороиро ба давлат баргардонд
Акс: © Sputnik / Болат Шайхинов

Бародарзодаи Назарбоев 1,6 миллиард доллар дороиро ба давлат баргардонд

Нашр шуд

Қайрат Сатиболдӣ, бародарзодаи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон дороиҳои ғайриқонунӣ ба дастоварда ба маблағи беш аз 1,6 миллиард долларро ба давлат баргардонд.

Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо такя ба Оҷонси мубориза бо фасоди Қазоқистон хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, ба дороиҳои баргардонидашуда аз ҷониби Қайрат Сатиболдӣ биноҳои маъмурӣ, ҷавоҳирот, хонаҳои боҳашамат, мошинҳо, саҳмия дар ширкатҳо, роҳҳои оҳан, инчунин пули нақд ба маблағи 661,5 миллион доллар ворид мебошад, ки аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, аз Утриш, Лихтенштейн, Туркия ва АМА ба Қазоқистон баргардонида шудаанд.

Дар маҷмуъ дар Қазоқистон 115 иншоот ба маблағи наздики 330 миллион доллар, аз ҷумла 13 хона, 10 бино, 13 қитъаи замин, 4 хонаи истиқоматӣ, ду бинои мадраса, ду таваққуфгоҳ, 25 иншоот, инчунин 29 худрав ва 5 худрави махсус ба моликияти давлат гузаронида шуд.

Таъкид мешавад, ки як қисми амвол ба номи хешовандони наздики Сатиболдӣ, ашхоси дигар ва ширкатҳои назоратшаванда сабт шуда буд.
Бояд гуфт, ки Қайрат писари Сотиболдӣ Назарбоев, бародари раисиҷумҳури нахустини Қазоқистон аст, ки дар садамаи нақлиётӣ ҷон додааст. Баъдан ӯ номи падарашро ҳамчун насаби худ гирифт.

Қайрат Сатиболдӣ тавассути ширкати Skyline Investment Company S.A. дар бозори хидматрасонии мухобирот ва интернети Қазоқистон тақрибан чоряки бозорро дар даст дошт.

Инчунин Қайрат Сатиболдӣ дар тӯли солҳо дар Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон кор карда, дар сиёсат ва тиҷорат фаъолона ширкат дошт ва яке аз сарватмандтарин афроди Қазоқистон ба шумор мерафт.

Хотиррасон мешавем, ки Қайрат Сатиболдӣ 13 марти соли 2022 аз ҷониби Оҷонси мубориза бо фасоди Қазоқистон бо гумони сӯиистифода аз ваколат ва дуздии маблағҳои «Қазоқтелеком» ба миқдори махсусан калон боздошт шуд. Як моҳ пас ширкатҳое, ки аз ҷониби ин соҳибкор назорат мешуданд, 28,8% саҳмияҳои «Казақтелеком»-ро ба моликияти давлатӣ баргардонданд.

Додгоҳ 26 сентябри соли 2022 Сотиболдиро дар парвандаи дуздӣ дар ҶСК «Казақтелеком» ва ҶСК «Маркази хизматрасонии нақлиётӣ» ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Соҳибкорро ҳамчунин барои шустушӯи пул ва саркашӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ муттаҳам кардаанд. Қайрат Сатиболдӣ ба гуноҳи худ комилан иқрор шуда, ваъда додааст, ки зарари ба давлат расонидашударо ҷуброн мекунад.

Сотиболдӣ ҳоло дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш миёна адои ҷазо мекунад. Моҳи декабри соли гузашта ӯ барои шартан озод шудан дархост карда буд, аммо додгоҳ дархости ӯро рад кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед