Ru  | Tj
Барои ҳар як маҳаллаи Қарақалпоқистон ним миллиард сӯм ҷудо мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои ҳар як маҳаллаи Қарақалпоқистон ним миллиард сӯм ҷудо мешавад
Акс: uza.uz

Барои ҳар як маҳаллаи Қарақалпоқистон ним миллиард сӯм ҷудо мешавад

Нашр шуд

Ҳар яке аз 452 маҳаллаи Қарақалпоқистон барои ҳалли мушкилоти худ 500 миллион сӯм (44 ҳазор доллар) дарёфт хоҳанд кард.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 30-юми март дар ҷаласаи баррасии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Мухтори Қарақалпоқистон масъалаи таъсиси хазинаи алоҳида дар ин заминаро матраҳ кард.

Дар соли ҷорӣ ба хазинаи он 250 миллиард сӯм (22 миллион доллар) ворид карда мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии uza.uz, Мирзиёев дар оғози сафари худ ба Ҷумҳурии Мухтори Қарақалпоқистон ба фаъолияти 6 корхонаи нави саноатӣ оғози рамсӣ бахшид. Дар ин корхонаҳо дар маҷмӯъ 1,1 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо ба истеҳсолоти дохилӣ 300 миллиард сӯм (26 миллион доллар) ва ба содирот 20 миллион доллар илова хоҳад кард.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки дар ин ҷумҳурии худмухтор 72 ҳазор нафар расман бекор буда, ҳар сол 43 ҳазор нафар ҷавонон ба бозори корӣ ворид мешаванд.

Инчунин таъмини оби нӯшокӣ дар 208 маҳаллаи Қарақалпоқистон ғайриқаноатбахш буда, 120 километр шоҳроҳ ва 600 километр роҳҳои дохилӣ таъмирталабанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти маҳаллӣ дар соли ҷорӣ ҳадаф гузоштаанд, ки 193 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода, Қарақалпоқистонро ба минтақаи озод аз бекорӣ табдил диҳанд.

Инчунин дар ин ҷумҳурии мухтор 4000 хонаи истикоматӣ сохта шуда, изофа бар ин ба сокинони Қарақалпоқистон барои сохтани 4000 хона замин чудо карда мешавад.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон дар идома таъкид кардааст, ки тибқи фармони Мирзиёев Қарақалпоқистон дар соли 2023 барои рушди босуръати соҳибкорӣ, фанновариҳои инноватсионӣ ва зарсохтҳо 670 миллиард сӯм (59 миллион доллар) ҷудо мешавад.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 1-2-юми июли соли гузашта дар Қарақалпоқистон ошӯбҳои оммавӣ рух дод. Тазоҳуркунандагон ба тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Қонуни асосии Ӯзбекистон, ки мухторияти ин ҷумҳуриро ҳазф мекард, мухолифат карданд.

Баъдан бо дастури раисҷумҳури Ӯзбакистон тағйироти мазкур аз лоиҳаи ислоҳоти Қонуни асосии ин кишвар лағв шуд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни ошӯбҳои Қарақалпоқистон 21 нафар кушта ва ҳудуди 300 нафар, аз ҷумла кормандони мақомоти интизомӣ ва низомиён захмӣ шудаанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед