Ru  | Tj
Барои бунëди роҳҳо дар Тоҷикистон 10 миллиард сомонӣ харҷ мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои бунëди роҳҳо дар Тоҷикистон 10 миллиард сомонӣ харҷ мекунанд
Акс: Фергана

Барои бунëди роҳҳо дар Тоҷикистон 10 миллиард сомонӣ харҷ мекунанд

Нашр шуд

Азим Иброҳим гуфт, ки ҳоло дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз даҳ миллиард сомонӣ амалӣ карда мешаванд.

Вазири нақлиëти Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе бо зикри дастовардҳои соҳаи нақлиëти кишвар иттилоъ дод, ки айни замон дар ин бахш 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 10,4 миллиард сомонӣ ë худ 828,2 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегарданд.

Азим Иброҳим афзуд, ки аз ин 11 лоиҳа 5-тои он ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ пурра ба анҷом расида, дар ҳолати кафолат қарор доранд ва боқимонда 6 лоиҳаи дигар дар ҳоли татбиқ мебошанд.

Вазири тоҷик ибрози итминон кард, ки бо амалӣ гардидани ин ва дигар лоиҳаҳо Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба як кишвари транзитӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Ин дар ҳолест, ки бар пояи омори расмӣ, дар шаш моҳи соли равон саҳми бахши нақлиёти кишвар дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 6,8 фоиз баробар будааст.

Ҳамчунин, дар ин давра боркашонӣ тавассути ҳама намуди нақлиëт 18,7 фоиз, гардиши бор 20,9 фоиз, мусофирбарӣ 11,1 фоиз ва гардиши мусофирон 13,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таъму сифати хуб. Ҷопон харидори ангури шаҳдбори Тоҷикистон шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед