Ru  | Tj
"Барои дастрас кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин". Туркия ба Тоҷикистон беш аз 1,6 милён долар медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Барои дастрас кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин". Туркия ба Тоҷикистон беш аз 1,6 милён долар медиҳад
Акс: аз манбаъҳои боз

"Барои дастрас кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин". Туркия ба Тоҷикистон беш аз 1,6 милён долар медиҳад

Нашр шуд

Анкара ба Душанбе 52 милён лираи туркӣ кумаки молӣ дар доираи ҳамкориҳои низомӣ ҷудо мекунад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ ду санади нави ҳамкориҳои низомӣ миёни Душанбе ва Анкараро тасвиб кард. Тибқи ин санадҳо Туркия дар бахши низомӣ ба Тоҷикистон 52 милён лираи туркӣ (беш аз 1,6 милён долар) кумаки молӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи парлумонии "Садои мардум" хабар дод.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, Шералӣ Мирзо, вазири дифоъи Тоҷикистон дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки дар чаҳорчӯби созишномаи ҳарбиву молӣ ҳукумати Туркия дар доираи сармоягузории солонаи буҷаӣ ба ҳукумати Тоҷикистон 50 милён лираи туркӣ барои харидории молу хидматрасониҳо аз ширкатҳои Туркия кумаки молӣ ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи вай, сармояи ҷудогардида метавонад барои харидории мол ва пардохти хидматрасонии ширкату корхонаҳои Туркия зимни ҳамкориҳои ҳарбӣ-фаннии дуҷониба истифода гардад.

Шералӣ Мирзо афзуд, ки татбиқи созишномаи мазкур барои дастрас кардани силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли ширкату корхонаҳои саноати мудофиъаи Туркия имкон фароҳам меорад. Вай афзуд, ки дар шароити афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир ва шиддат гирифтани зуҳуроти ҳаросафканӣ (терроризм)-и байнулмилалӣ ва ифротгароӣ тасвиби созишномаи мазкур муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар баробари ин дар ҷаласаи порлумон ёддошти тафоҳум дар заминаи кумаки молӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Туркия ба маблағи 2 милён лираи туркӣ (беш аз 60 ҳазор долар) низ тасвиб шуд.

Сармояи ҷудогардида ҷиҳати пардохти хароҷоти баргузории давраҳои омӯзишӣ барои низомиёни Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои омӯзишии Неруҳои мусаллаҳи Туркия, ҳамчунин сафари ҳайатҳои ҳарбии Туркия ба Тоҷикистон равона мешаванд.

Бояд гуфт, ки санадҳои мазкур 26-уми июли соли 2023 дар шаҳри Истанбул аз ҷониби вазирони дифоъи Тоҷикистон ва Туркия дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ имзо шуда буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед