Ru  | Tj
Барои муҳоҷирон биржаи меҳнатӣ ташкил карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои муҳоҷирон биржаи меҳнатӣ ташкил карда шуд
Акс: mos.ru

Барои муҳоҷирон биржаи меҳнатӣ ташкил карда шуд

Нашр шуд

Дар назди Федератсияи иттифоқи касабаи Тоҷикистон ҶДММ "Биржаи меҳнатӣ барои муҳоҷирон" ташкил шудааст.

Сардори Федератсияи иттифоқи касабаи Тоҷикистон Маликшо Неъматов мақсади асосии фаъолияти биржаи мазкурро тавзеҳ дода, гуфт: "Ҳадафи созмон додани "Биржаи меҳнатӣ барои муҳоҷирон" дар он аст, ки амалишавии мақсадҳои низомномавии иттифоқҳо тавсеа дода шавад".

Зикр мегардад, ки Федератсияи мазкур дар ҳамкорӣ бо созмонҳои иттифоқи соҳавӣ бо кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи муҳоҷират ҳамкорӣ менамояд.

"Ин иқдом барои биржа имконият медиҳад, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ ҳамкорӣ намояд", - иброз менамояд намояндаи ташкилот.

Директори Биржаи меҳнатӣ барои муҳоҷирон Юлдош Эшов тасдиқ мекунад, ки мақсади асосии ташкилот дар он аст, ки чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар аҳолии Тоҷикистон, бахусус ҷавонон бо ҷойи кор таъмин шаванд, ҳамчунин барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати иқтисодӣ-иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ имконият фароҳам оварда шавад.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта бо сабаби паҳншавии бемории каронавирус ва баста шудани сарҳад интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Русия ба миқдори тақрибан 33 % кам шуда буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед