Ru  | Tj
Барои муҳоҷирон супоридани изи ангушт ва тести ВНМО дар Русия ҳатмӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои муҳоҷирон супоридани изи ангушт ва тести ВНМО дар Русия ҳатмӣ шуд
Акс: Интернет

Барои муҳоҷирон супоридани изи ангушт ва тести ВНМО дар Русия ҳатмӣ шуд

Нашр шуд

Муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёне, ки ба мӯҳлати беш аз 3 моҳ ба қаламрави Русия ворид мешаванд, бояд ба таври ҳатмӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва изи ангуштонро супоранд. 

"РБК" хабар медиҳад, ки шурӯъ аз 29-уми декабр ислоҳоти ба қонунгузории Русия воридшуда  ҳукми қонунӣ пайдо намудааст.

Ба таъкиди манбаъ бар асоси ислоҳоти ҷадид, муҳоҷирон ва хориҷиёне, ки ба мӯҳлати тӯлонӣ ба қаламрави ин кишвар ворид мешаванд, муаззаф шудаанд, ки  ба мӯҳлати аз 30  (барои муҳоҷирон) то 90 (барои хориҷиён) рӯз ҳатман  изи ангуштонро супоранд, барои ҳуҷҷат акс гиранд ва аз муоинаи духтур гузаранд.

Зикр мегардад, ки муоинаи тиббӣ расмиёти санҷиши мавҷудияти бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти ВНМО ва вобаста набудан ба нашъамандиро дар бар мегирад.

Зимнан қайд мегардад, ки тибқи дастури Вазорати корҳои дохилии Русия,  муҳоҷирони корие, ки аз марҳилаи расмиёти ҳатмӣ мегузаранд, ба гирифтани  патенти корӣ дар шакли корт бо чип (корт дорои тасвири электронии чеҳра ва изи ангушт) шурӯъ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар корт силсила ва рақами патент, насаб, ном ва номи падари соҳиби он, рӯзи таваллуд, шаҳрвандӣ, силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, касб ва РМА дарҷ меёбад.

Ҳамчунин, дар корт номи минтақае, ки соҳиби ҳуҷҷат дар он ҷо кор мекунад, нишон дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  қонун оид ба супоридани изи ангуштон ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ  (барои муҳоҷирон) рӯзи 1-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби Президети Русия Владимир Путин имзо гардида буд.


Бо даъвати Путин. Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербург рафт



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед