Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахш». Сармураббии дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» истеъфо дод
Нашр шуд
Сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода - Алиёр Ашӯрмамадов аз мақомаш истеъфо дод. Ин чорумин истеъфои сармураббӣ дар байни дастаҳои Лигаи Олӣ маҳсуб мешавад.
Тибқи иттилои вебгоҳи varzishtv.tj, дастаи футболи шаҳри Турсунзода пас аз даври 11-уми Лигаи Олӣ зери роҳбарии Ашӯрмамадов 2 ғалаба, 3 мусовӣ ва 5 шикастро ба қайд гирифта, дар поёни ҷадвали мусобиқот маскан гирифтааст.
Пас аз натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста бо роҳбарии мутахассиси мазкур ҷонибҳо барои қатъи қарордоди ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд. Ҳоло дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро Фарҳод Холбеков, ки қаблан ёвари сармураббӣ буд, муваққатан раҳбарӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, даври ёздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи Олӣ ба анҷом расид.
Пешсафи қаҳрамонӣ тими «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуда, бартарии худро аз таъқибкунандагони наздиктарин ба шаш имтиёз расонд.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар «Хосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб шуда, бо 17 хол дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи дуюм баромад. Дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бошад бо 16 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Ин дар ҳолест, ки дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо 9 хол дар мақоми 9 дар ҷадвали ин мусобиқа ҷой гирифтааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед