Ru  | Tj
Барои ободонии ноҳияи Шаҳристон дар 30-сол беш аз 2,5 миллиард сомонӣ сарф шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои ободонии ноҳияи Шаҳристон дар 30-сол беш аз 2,5 миллиард сомонӣ сарф шудааст
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Барои ободонии ноҳияи Шаҳристон дар 30-сол беш аз 2,5 миллиард сомонӣ сарф шудааст

Нашр шуд

Дар ноҳияи Шаҳристон дар 104 иншоот корҳои ободониву бунёдкорӣ анҷом дода шудааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон мактаби навбунёд барои 1240 нафар хонанда кушода шуд, ки он дорои шароити хуби муосир аст.

Ҳамчунин, дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Шаҳристон гимназияи рақами 1 барои 480 хонанда, хати оби нӯшокӣ барои бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани 10 ҳазор нафар сокинон, майдони Парчами давлатӣ, корхонаи паррандапарварӣ ба истифода дода шуд.

Илова бар ин, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025-ум боз 114 лоиҳа ба арзиши 137 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, татбиқи онҳо инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро беҳтар месозад.



Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ 3 иншооти соҳаи маорифу тибро ифтитоҳ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед