Ru  | Tj
Барои рушди ноҳияи Дарвоз дар давоми 30 сол 1,2 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои рушди ноҳияи Дарвоз дар давоми 30 сол 1,2 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Барои рушди ноҳияи Дарвоз дар давоми 30 сол 1,2 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст

Нашр шуд

Ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои Истиқлолият ва амалӣ гардидани як қатор лоиҳаҳои соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ гуфт. Ба таъкиди Президент барои рушди ноҳияи Дарвоз 1.2 миллиард сомонӣ ва барои ноҳияи Ванҷ 580 миллион сомонӣ маблағ харҷ шудааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, дар давоми 30 сол аз буҷети ҷумҳурӣ ҷиҳати пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ ва маблағгузории самтҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии онҳо 308 ва 462 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин, дар давоми соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ амалӣ шуда, ҳанӯз татбиқи 7 лоиҳаи маблағгузории давлатӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо тақрибан 250 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Дар ноҳияи Ванҷ бошад, дар давоми 30 сол 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба ҳисоби 30 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло дар 6 лоиҳаи маблағгузории давлатӣ корҳо иҷро гардида истодаанд. Маблағи то имрӯз азхудшудаи ин лоиҳаҳо беш аз 32 миллион сомониро дар бар мегирад.

Илова бар ин, ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаҳои воқеӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Дарвоз барои солҳои 2021 – 2025”-ум 106 лоиҳа ба маблағи 405 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба мисоли ҳамин барнома барои ноҳияи Ванҷ низ қабул шудааст, ки тибқи ин санад амалисозии 112 лоиҳа ба маблағи умумии 160 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ бо мақсади таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, як қатор иншоотҳои навбунёд ва таҷдидшударо ба истифода дод. Ҳамчунин, бо дастури Сарвари кишвар сохтмони масири роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғоз мешавад.




Барои рушди ноҳияи Балҷувон дар 30 сол зиёда аз 780 миллион сомонӣ сарф шудааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед