Ru  | Tj
Барои таъмини аҳолӣ интиқоли газ аз Ӯзбекистон зиёд мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои таъмини аҳолӣ интиқоли газ аз Ӯзбекистон зиёд мешавад

Барои таъмини аҳолӣ интиқоли газ аз Ӯзбекистон зиёд мешавад

Нашр шуд

Айни замон зерсохтори кӯнаву фарсудашуда барқарор мешавад, то ки гази табиӣ ба истеъмолгарон дастрас гардад.

Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон имкони таъмини аҳолиро бо гази табиӣ, ки аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ворид мешавад, баррасӣ дорад.

“Дар навбати аввал давра ба давра ба лӯлаи газ пайваст кардани сокинони пойтахт ва шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкат.

Қаблан дар ҶСК “Душанбегаз” зикр карда буданд, ки базе хонаҳои пойтахт, ки дар паҳлӯи шоҳқубури интиқоли газ ҷойгиранд, ба гази табиӣ аз Ӯзбекистон дастрасӣ доранд.

“Гап сари он аст, ки барои пайваст кардани ин хонаҳо хароҷоти зиёд лозим набуд”, - гуфтанд дар ширкат.

Манбаъ зикр кард, ки айни замон корҳои барқарорсозии зерсохтори тайи даҳсолаҳо кӯҳнаву фарсудашуда ҷараён дошта, баъди анҷоми он гази табиӣ ба дигар истеъмолгарон низ дастрас мешавад.

Дар ширкат илова намуданд, ки даҳсолаи охир хонаҳои Душанбе бо газ таъмин набуданд ва бо назардошти масъалаи бехатарӣ, навсозии зерсохтор хароҷоти зиёд талаб мекунад.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш ҶСП “Сомон-Суғдгаз”, ки ба таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои минтақаи шимоли кишвар бо гази табиӣ машғул аст, хабар дод, ки анҷоми корҳои барқарорсозии зерсохторро онҳо то охири ҳамин сол ба нақша гирифта, пас аз ин аҳолии шаҳри Хуҷанд, инчунин дигар шаҳру навоҳии вилоят ин навъи сӯзишворӣ гирифта метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон пас аз таваққуфи шашсола моҳи апрели соли 2018 дубора аз сар гирифта шуд.

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20200911/baroi-tamini-aol-intioli-gaz-az-zbekiston-ziyod-meshavad

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед