Ru  | Tj
Барои тавҳини мардуми Узбекистон вуруди хориҷиён мамнӯъ мешавад?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои тавҳини мардуми Узбекистон вуруди хориҷиён мамнӯъ мешавад?
Акс: аз манбаъҳои боз

Барои тавҳини мардуми Узбекистон вуруди хориҷиён мамнӯъ мешавад?

Нашр шуд

Вакилони узбек мехоҳанд вуруди хориҷиёне, ки мардуми Узбекистонро таҳқир мекарданд, мамнӯъ шавад.

Гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси қонунгузории Узбекистон тарҳи қонунеро таҳия карданд, ки вуруди шаҳрвандони хориҷие ба ин кишварро барои тавҳини Узбакистон ва мардуми он пешбинӣ мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Узбакистон хабар дод.

Дар ин лоиҳа пешниҳод мешавад, ки ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Узбекистон” тағйирот дар бораи манъи вуруд ва будубоши хориҷиёне, ки Узбекистон ва ё мардуми онро ошкоро таҳқир мекунанд, ворид гардад.

Тибқи ин лоиҳа, барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки будубоши онҳо дар Узбакистон аз ҷониби мақомот ғайри қобили қабул дониста мешавад, барои панҷ сол вуруд ба кишвар, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, хариди амволи ғайриманқул, иштирок дар хусусигардонии амволи давлатӣ манъ мешавад.

Ҳамзамон шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ин рафтор аз ҳаққи будубош ё иқомат дар Узбекистон маҳрум карда мешаванд.

Онҳо бояд дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи номатлуб будани будубоши онҳо дар Узбекистон, қаламрави ин кишварро тарк кунанд. Дар акси ҳол, онҳо бо ҷалби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор ихроҷ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи қонун пеш аз ҳама ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Узбекистон ва эҳтироми шаъну шараф ва таърихи халқи Узбекистон равона шудааст.

Гуфтанист, тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҳар як давлат рӯйхати ашхоси "нон грат" ё шаҳрвандони хориҷиро, ки вуруди онҳо ба қаламравашон манъ аст, тартиб медиҳад.
Маъмулан ин феҳристи афроди мамнуъ-ул-вуруд пӯшида буда, нашр намешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед