Ru  | Tj
Баровардаҳои нафтӣ, гандум ва орд. Вазорат маҳсулоти аслии воридотӣ ба Тоҷикистонро эълон намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баровардаҳои нафтӣ, гандум ва орд. Вазорат маҳсулоти аслии воридотӣ ба Тоҷикистонро эълон намуд
Акс: Sputnik

Баровардаҳои нафтӣ, гандум ва орд. Вазорат маҳсулоти аслии воридотӣ ба Тоҷикистонро эълон намуд

Нашр шуд

Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфт, ки соли ҷорӣ баровардаҳои нафтӣ, орд ва гандум маҳсулоти аслии воридотӣ ба Тоҷикистон будаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, ки соли равон ба Тоҷикистон бештар аз дигар маҳсулот баровардаҳои нафтӣ, орд ва гандум воридот шудаанд ва ҳиссаи онҳо беш аз 16 фисади маблағи умумии воридот ба Тоҷикистонро ташкил додааст.

Вазорат афзудааст, аз оғози соли равон ба Тоҷикистон 554 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 360,4 миллион доллар, 907,6 ҳазор тонна ғалла ба маблағи 231 миллион доллар ва 54,5 ҳазор тонна орд ба маблағи 15,4 миллион доллар ворид шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар соли ҷорӣ Русия шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Дар ин сол бар пояи омори расмӣ, ҳаҷми тиҷорат бо Русия баробар ба 1, 13 миллиард доллар будааст.

Ба чаҳоргонаи шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон ҳамчунин Қазоқистон (1,04 миллиард доллар), Чин (769 миллиард доллар) ва Швейтсария (726,4 миллион доллар) ворид шудаанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, гандум ва ордро бештар аз Русия ва Қазоқистон дарёфт мекунад.


Аз нафту газ то “Сангтӯда”. Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Русия ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед