Ru  | Tj
Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистон. Эмомалӣ Раҳмон бо Шаҳбоз Шариф мулоқот кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистон. Эмомалӣ Раҳмон бо Шаҳбоз Шариф мулоқот кард
Акс: President.tj

Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистон. Эмомалӣ Раҳмон бо Шаҳбоз Шариф мулоқот кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созанда бо Покистонро аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон унвон кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом дод.

Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф масъалаҳои марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ намуданд.

Шаҳбоз Шариф дар оғоз сипоси амиқи худ ва мардуми кишварашро ба ҷониби Тоҷикистон барои расонидани кумаки башарӣ изҳор намуд.

Гуфта мешавад, тарафҳо вусъати татбиқи тарҳҳои вобаста ба пайвасти шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла САSA-1000 ва баромад ба бандарҳои Покистонро ба манфиати ду кишвар хонданд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ бо Покистон ҳавасманд аст.

Манбаъ меафзояд, меҳвари шарикии ду кишвар дар заминаи таъмини амният, қабл аз ҳама, ҳамкорӣ дар масоили муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳуроти дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва хатару таҳдидҳои глобалӣ арзёбӣ гардид.

Вазъи кунунии Афғонистон ва масъалаҳои муҳимми рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ аз дигар меҳварҳои ин мулоқот буд.

Манбаъ ҳамчунин зикр намудааст, ки тарафҳо ҳамдигарро барои анҷоми сафари расмӣ ба кишварҳои худ даъват намуданд.

Субҳи дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Самарқанд рафта буд.

Саммити Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 15-16-уми сенятбр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар нишасти навбатии сарони СҲШ дар Ӯзбекистон имзои беш аз 30 санади мухталиф дар назар аст, ки нақшаи иҷрои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин, интизор меравад, ки Эрон дар ин нишаст мақоми узви СҲШ-ро дарëфт намояд ва раванди қабули Беларус ба ин созмон оғоз гардад.

Дар ҳошияи Саммити СҲШ Эмомалӣ Раҳмон дирӯз бо Саид Иброҳим Раисӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин дидору мулоқот кард.

Дар Қоҳира густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Мисрро муҳокима карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед