Ru  | Tj
Баррасии амнияти минтақа ва сулҳ дар Афғонистон дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Залмай Халилзод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баррасии амнияти минтақа ва сулҳ дар Афғонистон дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Залмай Халилзод
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии амнияти минтақа ва сулҳ дар Афғонистон дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Залмай Халилзод

Нашр шуд

4 –уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуд.

Чӣ гунае, ки дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот атрофи вазъи имрӯзаи Афғонистон, бахусус раванди барқарории сулҳу субот дар ин кишвар ва масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ гуфтумон сурат гирифт.

Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки вазъияти Афғонистон ба рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи кишварҳо пайвастагии амиқ дорад.

Ҳамчунин дар гуфтумон вазъи имрӯзаи амниятии минтақа дар меҳвари баррасии мавзӯҳои ҷонибҳо қарор гирифт.

Бояд гуфт, айни замон Амрико талош дорад ҳамчун кишвари миёнҷӣ Толибонро, ки мухолифони аслии давлати Афғонистон ба ҳисоб мераванд, ба музокирот бо ҳукумат мойил кунад.

Тоҷикистон ва Афғонистон эъломияи муштаракро имзо карданд – дар он чи гуфта шудааст?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед