Ru  | Tj
Баррасии масъалаи парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Россия дар нишасти матбуотии мақомотҳо

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баррасии масъалаи парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Россия дар нишасти матбуотии мақомотҳо
Расм аз РГ

Баррасии масъалаи парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Россия дар нишасти матбуотии мақомотҳо

Нашр шуд

Дар нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ, боз ҳам масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Тавре гуфт, Субҳонзода Икром, директори Агентии авиатсияи гражданӣ ба хабарнигорон, барқарор намудани парвозҳо миёни ду кишвар барои Тоҷикистон хело муҳим аст, чунки 70 дарсади парвозҳоро аз фурудгоҳҳои дохили бо Русия мебошанд. Инчунин илова карда шуд, ки тоҷикистон ҳануз моҳи июни соли гузашта аз омодагӣ ба барқарор намудан эълон намуда буд. 

"Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо коронавируси Тоҷикистон хело барвақт қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад, ҳанӯз аз моҳи июн омода ҳастем", - таъкид кард Субҳонзода.

Хотиррасон мекунем, ки дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки 8-9 феврал баргузор шуда буд, ин масъала низ яке аз мавӯҳои муҳим буда, баррасӣ шуд. Ба сарвазири Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки ба барномаи “Саёҳат бе Covid-19” Тоҷикистон ҳамроҳ шавад ва баъд аз ин шаҳрвандон имконияти воридшавӣ ба қаламравӣ кишварҳои Россия, Белорус ва Арманистон пайдо кунанд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотии ВКХ низ ин масъаларо баррасӣ намуд ва итминон дод, ки Русия барои барқарор намудани парвозҳо ҳеч шарте ба Тоҷикистон нагузоштааст. Манзури вазир ин буд, ки гуё Русия парвозҳоро бар ивази шомил шудани Тоҷикистон ба ИИАО барқарор мекардаст.

Ширин Амонзода посух дод, ки кай марзи байни Русия ва Тоҷикистон кушода мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед