Ru  | Tj
Баррасии “парвандаҳои ҷиноятии мушаххас” ва истирдоди ҷинояткорон дар дидори Прокурорҳои генералии Тоҷикистону Олмон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баррасии “парвандаҳои ҷиноятии мушаххас” ва истирдоди ҷинояткорон дар дидори Прокурорҳои генералии Тоҷикистону Олмон
Акс: Prokuratura.tj

Баррасии “парвандаҳои ҷиноятии мушаххас” ва истирдоди ҷинояткорон дар дидори Прокурорҳои генералии Тоҷикистону Олмон

Нашр шуд

Дар чаҳорчӯби сафари кории худ ба Олмон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии ин кишвар доктор Петер Франк мулоқот ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки Юсуф Раҳмон, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон рӯзҳи 27-28-уми июл бо Прокурори генералии ин кишвар доктор Петер Франк, Прокурори генералии шаҳри Дюсселдорф Хорст Бин ва дигар шахсони расмии Замини Рейни Шимолӣ- Вестфалия дидорҳо анҷом дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидорҳо тарафайн аз барқарор гардидани муносибатҳои мустақими дуҷониба истиқбол ва масоили марбут ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ва парвандаҳои ҷиноятии мушаххасро муҳокимаву баррасӣ карданд.

Ҳамчунин истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ аз мавзӯъоти мулоқоти Прокурори генералии Тоҷикистон бо ҳамтои олмонияш буданд.

Додситонҳои Олмон рӯзи душанбе гуфтанд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро расман ба узвият дар гурӯҳи ДОИШ ва фаъолият дар ҳалқаи ин созмон дар Олмон муттаҳам кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Прокуратураи генералии Олмон моҳи феврал бо нашри як баёния аз боздошти панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар ба иттиҳоми узвият дар ДОИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва давлатҳои дигар) хабар дод. Ҳамчунин додгоҳи шаҳри Дюсселдорф як нафар шаҳрванди дигари Тоҷикистонро бо ҷурми таъсиси ҳалқаи ДОИШ дар Олмон ва тарҳрезии ду ҳамла ба 7 соли зиндон маҳкум карда буд.

Баррасии равобити ҳавоии Тоҷикистону Русия дар онлайн мулоқот


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед