Ru  | Tj
Баррасии роҳҳои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баррасии роҳҳои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии роҳҳои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Ван И, Вазири корҳои хориҷии Чин ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои ин кишварро баррасӣ кард.

Ба иттилои Хадамоти матбути Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми июл Ван Иро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт ва зимни мулоқот масоили марбут ба равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ва Пекин дар чаҳорчӯби муносиботи шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон барои ҷудо шудани 300 ҳазор ваксина аз сӯи ин кишвар ба Тоҷикистон изҳори сипос кард.

«Тоҷикистон ва Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамсоягони наздик мебошанд ва мо манфиатдорем, ки муносибатҳои наздики боэътимоди байни кишварҳоямон дар ҳама шаклҳо минбаъд амиқтар карда шаванд» , - таъкид намуд Президенти Тоҷикистон.

Тарафҳо бо ибрози ризоият аз сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ роҳҳои тавсеаи равобит дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва сармоягузориро муҳокима карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин ба масоили муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳо бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла, вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Ван И ба манзури ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе омадааст, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Ӯ ҳамчунин дар доираи ин сафар бо Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири хориҷаи кишварамон дидору гуфтугӯ кард.

Рӯзи гузашта Владимир Норов, Дабири кулли СҲШ низ ба Тоҷикистон омада, бо Президенти кишвар мулоқот кард.

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Украина бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи маҳсулот тақвият меёбад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед