Ru  | Tj
Бастаи навбатии "Astrazeneca" моҳи август ба Тоҷикистон меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бастаи навбатии "Astrazeneca" моҳи август ба Тоҷикистон меояд
Акс: Anadolu Agency

Бастаи навбатии "Astrazeneca" моҳи август ба Тоҷикистон меояд

Нашр шуд

Бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» дар нимаи дувуми моҳи август ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.

Наврӯз Ҷафаров, як масъули Вазорати тандурустӣ дар суҳбат бо “Ховар” бо зикри ин матлаб гуфтааст, ки иқдоми мазкур бо мусоидати шарикони рушд, аз ҷумла Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Мутаҳид ва Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия амалӣ мегардад.

Ин мақоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзудааст, ки онҳо бевосита бо ширкатҳои тавлидкунандаи ваксинаи зидди COVID-19 гуфтугӯҳо анҷом медиҳанд ва Тоҷикистон ният дорад дар баробари маблағҳои грантӣ аз ҳисоби буҷаи давлат низ вояҳои иловагӣ харад.

То имрӯз Тоҷикистон барои муқобила бо коронавирус аз Бонки Ҷаҳонӣ 8 миллион доллар ва аз Бонки Осиёгии Рушд 25 миллион доллар маблағҳои грантӣ дарёфт кардааст.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID - 19 қаблан қароре содир кард, ки тибқи он сар аз 2-юми июл ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 болост, бояд ҳатман эм шаванд. То имрӯз, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ваксина гирифтаанд.

Аз аввали бақайдгирӣ то 4 июл дар Тоҷикистон 13597 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 13365 нафар (98,3%) шифо ёфтааанд ва 93 нафар фавтидаанд.

Ваксинаи зидди коронавирус ба Тоҷикистон омад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед