Ru  | Tj
Бастаи нави ваксинаҳои «AstraZeneca» ба Тоҷикистон расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бастаи нави ваксинаҳои «AstraZeneca» ба Тоҷикистон расид
Акс: Интернет

Бастаи нави ваксинаҳои «AstraZeneca» ба Тоҷикистон расид

Нашр шуд

“Дишаб ба Тоҷикистон боз беш аз панҷсад ҳазор воя ваксинаи  «AstraZeneca»  ворид гардид”, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Шаби гузашта дар доираи механизми байналмиллалии тақсимоти одилонаи ваксинаҳо- COVAX ба Душанбе 501 ҳазору 600 воя ваксинаи «AstraZeneca» ворид шудааст.

Вазорат мегӯяд, ин  баста дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон дода шудааст.

Дар як ҳафтаи охир ин дувумин бастаи ваксинаҳост, ки ба Душанбе мерасад. Чаҳор рӯз пеш ба кишвар ҳудуди дусад ҳазор  воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид шуда буд.

Бояд гуфт, бо ин вуҷуд, ки чанд моҳи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятëбӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аммо маъракаи моякӯбӣ бомаром ҷараëн дорад.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то охири моҳи март дар Тоҷикистон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, баробар ба 92,2 фисади аҳолӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифта буданд.

Вазорати тандурустӣ ба таъкид ба нафароне, ки то имрӯз зидди бемории сироятии коронавирус ваксина нагирифтаанд, гуфтааст, ки ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисти худ муроҷиат намоянд.

Ваксина бар зидди коронавирус ба шаҳрвандони кишвар ройгон пешниҳод мешавад.

 Дар Тоҷикистон алайҳи коронавирус шаҳрвандонро бо ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» эм мекунанд.


Ба Тоҷикистон бастаи нави ваксинаҳо ворид гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед