Ru  | Tj
БАТР барои таъминоти гармӣ ба сокинони Душанбе дар фасли сармо 10 млн. доллар ҷудо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

БАТР барои таъминоти гармӣ ба сокинони Душанбе дар фасли сармо 10 млн. доллар ҷудо кард
Акс: Агентии Sputnik

БАТР барои таъминоти гармӣ ба сокинони Душанбе дар фасли сармо 10 млн. доллар ҷудо кард

Нашр шуд

Ҷиҳати амалӣ сохтани лоиҳаи "Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе" Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 10 млн. доллари амрикоӣ ҷудо кард.

Бино ба иттилои нашрияи "Садои мардум", ҳангоми муаррифии лоиҳа Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор изҳор дошт, ки "Бо мақсади боз ҳам мутобиқ намудани инфрасохтори муҳандисии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба талаботи замон, ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд ва созмонҳои молиявӣ ҷиҳати дарёфти маблағи иловагӣ идома дода шуд ва ин иқдом аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфт".

Ба иттилои манбаъ, барои татбиқи лоиҳаи мазкур 10 млн. доллари амрикоӣ дар ду марҳила-5 млн. қарзи имтиёзнок ва дар ду марҳилаи навбатӣ 5 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ҷудо карда мешавад.

Татбиқи лоиҳа аз соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 дар назар аст.

Ҳамчунин, дар доираи лоиҳа, насби қубурҳои нав ва системаи автоматии таъминоти оби гарм дар шаҳри Душанбе, инчунин, муҷаҳҳазгардонӣ бо техника ва механизмҳои ҷадид пешбинӣ гардидааст.



Бонки ҷаҳонӣ: Миёни кишварҳои ИДМ сатҳи баландтарини рушдро иқтисоди Тоҷикистон касб менамояд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед