Ru  | Tj
Баъзе донишгоҳҳои Афғонистон тибқи низоми Толибон ба фаъолият оғоз карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баъзе донишгоҳҳои Афғонистон тибқи низоми Толибон ба фаъолият оғоз карданд
Акс: Интернет

Баъзе донишгоҳҳои Афғонистон тибқи низоми Толибон ба фаъолият оғоз карданд

Нашр шуд

Дар Афғонистон баъзе аз донишгоҳҳои давлатӣ аз моҳи август пас аз ба қудрат расидани Толибон* аввалан бор дубора боз шуданд ва ба донишҷӯдухтарон иҷоза дода шуд, ки ба синфхонаҳои худ баргарданд.

ммо гуфта мешавад, ки занону духтарон бояд бо ҳиҷоби исломӣ дар дарс ширкат кунанд, синфхонаҳо ҷудо бошанд ва барномаи таълимӣ бар пояи меъёрҳои исломӣ қарор бигирад.

Соли хониш барои мактабҳо ва донишгоҳҳои Афғонистон аз аввали баҳор оғоз мешавад.

Вазири таҳсилоти олии Толибон Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ эълом кард, ки барномаи донишгоҳҳои Афғонистон дар шаҳрҳои гарм рӯзи чаҳоршанбе оғоз мешавад.

Толибон пас аз фишорҳои ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки аз баҳори пешорӯ мактабҳои духтаронаро низ боз мекунанд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон 



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед