Ru  | Tj
Беҳтарин ҳамлагар дар таърихи тими мунтахаби футболи Тоҷикистонро эълом карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беҳтарин ҳамлагар дар таърихи тими мунтахаби футболи Тоҷикистонро эълом карданд
Акс: Интернет

Беҳтарин ҳамлагар дар таърихи тими мунтахаби футболи Тоҷикистонро эълом карданд

Нашр шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалиловро беҳтарин ҳамлагар дар таърихи тими мунтахаби кишварамон эълом кардааст.

Ба навиштаи сомонаи Федератсияи футбол, ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов бо 19 гол дар рӯйхати Топ-10 голзани беҳтарин дар таърихи дастаи мунтахаби кишварамон дар зинаи аввал аст.

Ин ҳамлагар аз соли 2015 дар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад ва дар ин муддат дар 38 бозӣ ҳунарнамоӣ намуда, голи охирини худро чанд рӯз пеш вориди дарвозаи тими Мянмар карда буд.

Ба ғайр аз Манучеҳр Ҷалилов дар даҳгонаи беҳтаринҳои таърихи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Юсуф Рабиев (15 гол), Нӯъмондҷон Ҳакимов (14 гол), Тоҳирҷон Муминов (10 гол), Фатҳулло Фатҳуллоев, Иброҳим Рабимов (ҳарду — 9 гол), Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Ҷомихон Муҳиддинов (ҳама — 8 тӯб) ва Дилшод Восиев (7 тӯб) қарор доранд. 

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона омодагӣ мебинад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед