Ru  | Tj
Беҳтарин ҳунармандони шаҳри Душанберо муайян ва қадрдонӣ мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беҳтарин ҳунармандони шаҳри Душанберо муайян ва қадрдонӣ мекунанд
Акс: Интернет

Беҳтарин ҳунармандони шаҳри Душанберо муайян ва қадрдонӣ мекунанд

Нашр шуд

Бо қарори Рустами Эмомалӣ 26-уми август дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад.

 Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, ки ин озмун дар шаш номина: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолгарӣ-бозичасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл гузаронида мешавад ва дар он косибони пойтахти Тоҷикистон дастранҷи хешро пешниҳод менамоянд.

Манбаъ меафзояд, озмуни мазкур дар доираи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва бо ҳадафи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, бар пояи омори расмӣ то соли 2021 дар кишвар зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият доштанд.

Лозим ба зир аст, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Қаблан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда, ҳунармандонро аз андозҳо озод карда буд.

Дар чанд соли гузашта бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти ҳунармандони кишвар дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Малайзия, Амрико, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Юнон, Олмон, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик дастранҷи косибони тоҷик ба намоиш гузошта шуда буданд.

Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси шукуфоӣ” ду зина боло рафт



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед