Ru  | Tj
Белoрус узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Белoрус узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Белoрус узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай шуд

Нашр шуд

Сарони кишварҳои узв асноди қабули Белорус ба СҲШ-ро имзо карданд. Ҳамин тариқ Белорус узви даҳуми ин созмон шуд.

Асноди пайвастани ин кишвар ба СҲШ рӯзи 4 июл дар ҷараёни нишасти сарони ин созмон дар Остона ба имзо расидаанд. Дар ин бора хабаргузории informburo.kz хабар дод.

«Ба шарофати иқтидори бузурги иттиҳодияи мо, таваҷҷӯҳ ба он дар ҷаҳон мунтазам меафзояд, имрӯз дар Остона дар бораи тавсеаи минбаъдаи созмони мо тасмими муҳим қабул карда мешавад... Белорус дар роҳи узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай расмиёти заруриро ба анҷом расонидааст ва пешниҳод мекунам, ки мулоқот бо маросими имзои ҳуҷҷатҳо дар бораи қабули Белорус ба кишварҳои узви СҲШ оғоз шавад», - гуфт Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон зимни ифтитоҳи нишасти СҲШ.

Ҳамин тариқ сарони кишварҳои СҲШ дар ҷаласаи Остона асноди анҷоми расмиёт барои қабули Белорус ба ин созмонро тасвиб карданд. 

Белорус, ки қаблан мақоми нозир дар СҲШ дошт, даҳумин узви ин созмон шуд.

Дар навбати худ, Александр Лукашенко раисҷумҳури Белорус дар суханронии худ таъкид кард, ки “дар қарни 21 амнияти воқеӣ ва ҷудоинопазири ҷаҳониро бунёд бояд кард, ки дар ин замина кишварҳои аксарияти ҷаҳон бояд ташаббус нишон диҳанд, зеро Ғарби худхоҳ ба ин қодир набуд. Он ҷо ҳеҷ роҳбаре нест, ки мустақилона тасмимоти масъулона қабул кунад".

Бояд гуфт, ки қаблан Юрий Ушаков, ёрдамчии умури байналмилалии раисҷумҳури Русия гуфт, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар Остона 24 санад имзо мешавад.

Дар ин ҷаласа сарони давлат ва ҳукуматҳои Русия, Озарбойҷон, Белорус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Узбекистон, ҳамчунин Чжан Мин, дабири кулли СҲШ ширкат доранд.

Гуфтанист, Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 таъсис шуда, дар оғоз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон ва Узбекистон ба ин созмон шомил буд.

Баъдан соли 2017 ба ин созмон Ҳинду Покистон ва дар соли 2023 Эрон шомил шуд. Ҳамакнун дар нишасти рӯзи 4 июл дар Остона раванди пайвастани Белорус ба СҲШ ниҳоӣ шуда, ин кишвар узви даҳуми созмон гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед