Ru  | Tj
Беморхонаи махсуси сироятии COVID-19 дар Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беморхонаи махсуси сироятии COVID-19 дар Душанбе
Сурат: Asia-plus

Беморхонаи махсуси сироятии COVID-19 дар Душанбе

Нашр шуд

Беморхонаи клиникавии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, воқеъ дар паси беморхонаи “Истиқлол”, қабули беморони гирифтори коронавирусро қатъ мекунад.
Беморхонаи бемориҳои сироятии Зарафшон чанд рӯз аст, ки ба қабули беморонро оғоз кардааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ин бемористон таъмири асосӣ ва бо таҳҷизоти навтарин таъмин гардидааст. Ин бемористон аз 14 - уми октябр қабули беморони машкук ба коронавирусро оғоз кардааст, аммо шумораи дақиқи беморон, ки феълан дар беморхонаи мазкур бистарӣ шудаанд, маълум нест.

Аз Вазорати тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ки Беморхонаи сироятии кӯдакона низ то табобат ва ҷавоб додани охирин бемори худ дигар беморонро қабул намекунад: “Ва дар назар аст, ки беморхона баъди рухсатӣ шудани беморон ба ҳолати муқарарӣ баргардад. Ва шахсони гумонбар ба сирояти коронавирус дигар дар беморхонаи сироятии Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон аз ташхис гузашта, бистарӣ мегарданд”.

Ёдрас мешавем, ки то шоми 19 октябр шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, 10 ҳазору 533 нафарро ташкил дода, шумораи фавтидагон аз аввали пандемия то дирӯз ин рақам 80 нафарро ташкил медиҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед