Ru  | Tj
Беморхонаи Суғд соҳиби маҷмааи сайёри тиббӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беморхонаи Суғд соҳиби маҷмааи сайёри тиббӣ шуд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Беморхонаи Суғд соҳиби маҷмааи сайёри тиббӣ шуд

Нашр шуд

Беморхонаи вилоятии клиникии Суғд дар доираи лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки бо дастгирии Сандуқи авруосиёии субот ва рушд дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ду мошини сайёри тиббӣ дарёфт кард.

Дар ин бора сомонаи sugdnews.com хабар медиҳад.

Маҷмааҳои нави тиббӣ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳҳои рентгенӣ, асбобҳои ташхисӣ ва дандонпизишкӣ, таҷҳизоти ташхиси дил ва дигар асбобҳои зарурии тиббӣ таҷҳиз шудаанд.

Гуфта мешавад, ки аз 7 то 9 ноябр як гуруҳи иборат аз 10 нафар мутахассисон дар ин мошинҳои сайёр дар ноҳияи Спитамен чорабинии «Корвони саломатӣ»-ро гузаронида, ба сокинони ноҳия ва навоҳии атрофи он ёрии баландихтисоси тиббӣ расониданд. Дар давоми се рӯз духтурон наздики 400 нафарро муоина карданд.

Дар доираи “Корвони саломатӣ” сокинони маҳаллӣ имкон доштанд, ки аз муоинаи духтурони терапевт, кардиолог, офталмолог, ЛОР ва гинеколог гузаранд.

Бо истифодаи таҷҳизоти мошинҳои тиббии сайёр мутахассисон тавонистанд, ки кумаки тиббиро бевосита дар маҳалҳо расонида, ин хадамотро ба аҳолӣ бештар дастрас гардонанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед