Ru  | Tj
Беморхонаву марказҳои саломатии Хатлон аз истифодаи барқ маблағҳои ҳангуфт қарздор шудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беморхонаву марказҳои саломатии Хатлон аз истифодаи барқ маблағҳои ҳангуфт қарздор шудаанд
Акс: Таджикское телеграфное агентство

Беморхонаву марказҳои саломатии Хатлон аз истифодаи барқ маблағҳои ҳангуфт қарздор шудаанд

Нашр шуд

Идораҳои буҷетии 13 шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз истифодаи неруи барқ 19,8 миллион сомонӣ қарздор будаанд.

Ба иттилои “Ҷумҳурият”, мувофиқи маълумоти шабакаҳои тақсимоти барқ, миёни ташкилоту идораҳои буҷетӣ қарзи аз ҳама калон ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ рост омадааст ва беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои саломатӣ аз истифодаи барқ қарзҳои ҳангуфт доштаанд.

Давлатшо Розиқов, директори тиҷоратии шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар дар сӯҳбат бо “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки яке аз омилҳои афзоиши қарз дар нодуруст банақшагирии сметаи хароҷоти ташкилоту идораҳо мебошад.

“Масалан, агар як беморхона дар сол ба ҳисоби тахминӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ барқ истифода барад, дар сметаи хароҷотияш ба ин мақсад ҳамагӣ 30 ҳазор сомонӣ пешбинӣ мегардад. Аз ин рӯ, муассиса 30 ҳазор сомонӣ пардохт мекунад ва 20 ҳазор сомонӣ қарздор мешавад”, - гуфтааст Давлатшо Розиқов.

Ин дар ҳолест, ки интизор меравад имсол нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз боло равад. Моҳи гузашта Ҷумъа Далер, Вазири энергетика ва захираҳои об дар сӯҳбат ба хабарнигорон аз эҳтимоли боло рафтани нархи барқ иттилоъ додаву гуфта буд, ки ин иқдом мавриди баррасӣ қарор дорад ва бо назардошти вазъи иҷтимоии мардум амалӣ хоҳад шуд. Вазири тоҷик дар соли 2020 боло нарафтани нархи барқро ба пандемияи коронавирус рабт дода буд.

Созмонҳои байналмилалӣ ҳам борҳо тавсия додаанд, ки бояд арзиши барқ дар Тоҷикистон баланд бардошта шавад, то вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” беҳбуд ёбад.

Дар Душанбе як маркази захиравӣ барои муҳоҷирон таъсис дода мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед