Ru  | Tj
Беш аз 10 000 иншооти варзишӣ ва беш аз 5 000 медал. Раҳмонзода аз дастовардҳои варзишии Тоҷикистон гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 10 000 иншооти варзишӣ ва беш аз 5 000 медал. Раҳмонзода аз дастовардҳои варзишии Тоҷикистон гуфт
Акс: Tiroz.org

Беш аз 10 000 иншооти варзишӣ ва беш аз 5 000 медал. Раҳмонзода аз дастовардҳои варзишии Тоҷикистон гуфт

Нашр шуд

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон гуфт, ки айни замон дар кишвар беш аз даҳ ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият менамоянд.

Ба итттилои Кумитаи ҷавонон, Раҳмонзода ба муносибати “Рӯзи варзишгарон” бо ироаи паёми табрикӣ варзишгарон, устодону собиқадорон, мураббиён ва ҳаводорони варзиши тоҷикро ба рӯзи касбияшон таҳният гуфт.

Вай зимни ёдоварӣ аз дастовардҳои варзишии кишвар дар даврони Истиқлол зикр намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 10290 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 122 варзишгоҳ, 7377 майдончаи варзишӣ, 1846 толорҳои варзишӣ, 98 ҳавзҳои шиноварӣ, 40 маҷмааҳою марказҳои солимгардонӣ ва 805 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг ва фитнес фаъолият доранд.

“Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки агар дар 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ин шумора ба зиёда аз 5000 адад расида, ба андозаи 40 маротиба зиёд гардидааст”, - таъкид кард Раҳмонзода.

Лозим ба зикр аст, ки ҳамасола 10 август дар Тоҷикистон тибқи Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” “Рӯзи варзишгарон” ҷашн гирифта мешавад.

Ҳайати олимпии Тоҷикистон: Аз кӣ интизори медал шуд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед