Ru  | Tj
Беш аз 1300 тон. Ҳаҷми истихроҷи рӯзонаи нафт аз ҳавзаи рӯди Ому дар Афғонистон маълум шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 1300 тон. Ҳаҷми истихроҷи рӯзонаи нафт аз ҳавзаи рӯди Ому дар Афғонистон маълум шуд
Акс: Вазорати маъдан ва нафти Толибон

Беш аз 1300 тон. Ҳаҷми истихроҷи рӯзонаи нафт аз ҳавзаи рӯди Ому дар Афғонистон маълум шуд

Нашр шуд

Вазорати маъдан ва нафти Толибон* мегӯяд, мизони нафти хоми истихроҷшуда аз ҳавзаи рӯди Ому дар як шабонарӯз ба 1350 тон расидааст.

Ҳумоюни Афғонистон, сухангӯйи ин вазорат, дар як видёе, ки 28-уми феврал нашр шуд, мегӯяд, ин миқдор нафти хом аз 24 чоҳ истихроҷ мешавад.

Вай мегӯяд, ҳоло 15 чоҳи нафт дар кони Қошғар, 6 чоҳ дар кони Ангут ва се чоҳ дар кони Оқдарё фаъол аст.

Ба гуфтаи сухангӯйи вазорати маъдан ва нафти Толибон, нафте ки аз ин чоҳҳо истихроҷ мешавад, аз ҷониби бахши хусусӣ дар дохили Афғонистон полоиш мешавад.

Вай афзуд, ки то охири соли 2024 шумори чоҳҳои нафтӣ дар ҳавзаи рӯди Ому ба 47 адад ва мизони истихроҷи нафт дар як шабонарӯз ба се ҳазор тон расонида мешавад.

Ҳавзаи нафти рӯдхонаи Ому дар вилоятҳои Сари пул, Ҷузҷон ва Форёб дар шимоли Афғонистон ҷойгир аст.

Бояд гуфт, ки Толибон қарордоди истихроҷи нафти ин конҳои нафтро ба ширкати чинии CPEIC супурданд.

Муҳлати ин қарордод 25 сол аст ва дар ин муддат ширкати чинӣ бояд дар майдони 4500 метри мураббаъ дар конҳои Қошғарӣ, Зумурадсой, Бозори Комӣ, Оқдарё ва Ангут дар Сари пул, Ҷузҷон ва вилоятҳои Форёб истихроҷ кунад.

Бояд гуфт, ки захираи нафти ин конҳои Афғонистон 87 милён бушка нафт ҳисоб шудааст.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед