Ru  | Tj
Беш аз 130 млн сомонӣ зарари офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 130 млн сомонӣ зарари офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Беш аз 130 млн сомонӣ зарари офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 530 офати табиӣ рух дод, ки он хисороти сангини ҷонӣ ва молӣ ба бор овард.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 130 миллион сомонӣ хисорот ворид кард. Дар ин бора Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи Назарзода, дар ин муддат дар маҷмуъ 532 ҳолати фавқулодда дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар соли ҷорӣ бар асари 12 офати табиӣ 15 нафар, аз ҷумла 9 нафар бар асари сел, 4 нафар бар асари раъду барқ ва ду нафар бар асари ярч ҷон бохтанд.

Зимнан зикр гардид, ки шумораи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 ҳолат зиёд шудааст.

Рустам Назарзода ҳамчунин хабар дод, ки дар пайи ҳодисаҳои табиӣ дар ин кишвар 164 бинои истиқоматӣ, 1863 иншооти ёрирасон, 6 бинои мактабу кӯдакистон, 66 пул ва 294,2 километр роҳ осеб дидаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 188 ҳолати сел, 156 барфу борони шадид, 77 тарма, 35 ҳолати болорави сатҳи об ва дигар ҳодисаҳои нохуш рух дода, зарари он 130 миллииону 663 ҳазор 500 сомониро ташкил дод.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед