Ru  | Tj
Беш аз 230 ҳазор нафар дар чорабинии санҷиши омодагии ҷангии "Марз-2021" иштирок доштанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 230 ҳазор нафар дар чорабинии санҷиши омодагии ҷангии "Марз-2021" иштирок доштанд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Беш аз 230 ҳазор нафар дар чорабинии санҷиши омодагии ҷангии "Марз-2021" иштирок доштанд

Нашр шуд

Субҳи имрӯз, 22 –уми июли соли 2021, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари кишвар санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ зери унвони «Марз-2021» сурат гирифт.

Ба иттилои АМИТ "Ховар" 100 000 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин 130 000 нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар умум 230 ҳазор нафар бо бонги хатар ҷиҳати санҷиши ҳолати омодабошии ҷангӣ дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омаданд.

Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.



Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед