Ru  | Tj
Беш аз 2,3 млн сомонӣ кумаки писари боғпарвари машҳур ба муқовимат бо коронавирус

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 2,3 млн сомонӣ кумаки писари боғпарвари машҳур ба муқовимат бо коронавирус

Беш аз 2,3 млн сомонӣ кумаки писари боғпарвари машҳур ба муқовимат бо коронавирус

Нашр шуд

Ба беморхонаи марказӣ низ як мошини муосири ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид.

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосил аз заминҳои “Боғи Сомон” дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, роҳбарии хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-ро Маҳмадамин Камолов - писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Камол Мадумаров ба ӯҳда дорад.

Гуфта мешавад, дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус аз ҳисоби даромади соф аз тарафи хоҷагӣ ба Фонди хайриявии Тоҷикистон 2 млн 300 ҳазор сомонӣ гузаронида шуда, ба беморхонаи марказӣ як мошини муосири ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид.

“Саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ назаррас аст, - омадааст дар хабар. - Роҳбарияти хоҷагӣ сарпарастии омӯзгорони деҳаро ба ӯҳда доранд. Бо роҳи бунёди 3 ҷоҳи амудӣ сокинони 5 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин шуд. Бо дастгирии хоҷагӣ сокинон бо таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳоро аз таъмир бароварданд”.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ ва сабзавоту меваҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии«Ҳоҷӣ Неъмат», «Ҳоҷӣ Камол»,  «Боғи Сомон», «Боғи Ватан» шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳоҷӣ Камол Мадумаров моҳи октябри соли 2019 дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашта, то рӯзҳои охири умр ҳамроҳи дӯсташ Ҳоҷӣ Неъмат дар боғҳо кор мекард.

Ду деҳқони асил дар зиёда аз 600 гектар замин, ки бисёре аз он партовтаву бекор хобида буданд, ба ангурпарварӣ машғул шуданд, ки айни замон ин ангурзорҳои бунёдкардаи онҳо беҳтарин ва муаррифгари Тоҷикистон мебошанд.

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200908/besh-az-23-mln-somon-kumaki-pisari-bopar...


Мы используем файлы cookie в соответствии с «Уведомлением об использовании файлов cookie». При использовании файлов cookie может осуществляться обработка ваших персональных данных. Подробные сведения об использовании файлов cookie и блокировке файлов cookie в настройках браузера см. в «Уведомлении об использовании файлов cookie» здесь. Если вы даете свое согласие на использование файлов cookie и обработку ваших персональных данных в соответствии с «Уведомлением об использовании файлов cookie», нажмите «Принимаю». Внимание! Если вы заблокируете файлы cookie, необходимые для корректной работы сайта, это может привести к его неработоспособности.