Ru  | Tj
Беш аз 2,7 ҳазор низомиёни ОМҲ дар машқҳои СПАД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иштирок менамоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 2,7 ҳазор низомиёни ОМҲ дар машқҳои СПАД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иштирок менамоянд
Акс: Азия ТВ

Беш аз 2,7 ҳазор низомиёни ОМҲ дар машқҳои СПАД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иштирок менамоянд

Нашр шуд

Моҳи октябр дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон машқҳои дастаҷамъонаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) мегузарад.

Ба гузориши "ТАСС", дар Тоҷикистон се намуд машқҳои муштараки давлатҳои аъзои СПАД бо иштироки зиёда аз 2,7 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Округи марказии ҳарбӣ (ОМҲ), инчунин беш аз 500 техника ҷалб карда мешавад. Дар ин бора фармондеҳи Округи маркази низомӣ генерал-полковник Александр Лапин ба "ТАСС" иттилоъ додааст.

Қаблан Дабири кулли СПАД Станислав Зас изҳор дошт, ки дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон якчанд машқҳои густурдаи низомӣ роҳандозӣ мегарданд.

"Моҳи октябр мо дар якҷоягӣ бо ҳайати низомии кишварҳои узви СПАД дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон се машқи муштарак: "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯй" ва "Эшелон" мегузаронем, ки дар онҳо беш аз 2,7 ҳазор сарбоз ва 500 адад техникаи низомӣ ҷалб карда мешаванд. Контингенти Русия аз қисмҳои пойгоҳи низомии 201 иборат хоҳад буд",- шарҳ дод Лапин.

Хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ илова намудааст, ки машқҳои дастҷамъонаи ҳарбӣ бо иштироки контингенти низомии шаш кишвари узви СПАД дар тамрингоҳҳои "Ҳарб-Майдон" ва "Момирак"-и Тоҷикистон сурат хоҳанд гирифт.

Созишномаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст. Соли 2002 қарор оид ба таъсис додани созмони дахлдор қабул шудааст. Давлатҳои узви СПАД- Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд. Тоҷикистон солҳои 2020-2021 раёсати СПАД-ро ба ӯҳда дошт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед