Ru  | Tj
Беш аз 2 млн шаҳрванди Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 2 млн шаҳрванди Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Беш аз 2 млн шаҳрванди Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд

Нашр шуд

Шаҳрвандони Тоҷикистон миёни сайёҳони хориҷие, ки дар соли ҷорӣ аз Узбекистон боздид карданд, пешсаф ҳастанд.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз Узбекистон 7,2 миллион сайёҳи хориҷӣ дидан кардааст, ки нисбати соли гузашта 18,8% бештар аст.

Дар ин бора Оҷонси омори Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз рӯи шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Узбекистон шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон пешсаф ҳастанд. Гуфта мешавад, ки дар ин муддат 2,1 млн шаҳрванди Тоҷикистон ба унвони сайёҳ вориди Узбекистон шуданд.

Ҳамчунин дар соли ҷорӣ шаҳрвандони Қирғизистон (2,1 миллион нафар), Қазоқистон (1,3 миллион нафар) ва Русия (741,2 ҳазор нафар) ба Узбекистон сафар кардаанд.

Аз сӯи дигар дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ тақрибан 5,7 миллион шаҳрванди Узбекистон ба хориҷи кишвар сафар кардаанд. Ин омор нисбати соли гузашта 1 миллиону 350 ҳазор нафар ё худ 31,3 дарсад афзудааст.

Зикр мешавад, ки сайёҳони Узбекистон аз ҳама бештар ба Қирғизистон (2,7 миллион), Тоҷикистон (1,1 млн), Қазоқистон ( 888,6 ҳазор), Русия (275,1 ҳазор), Туркия (214,2 ҳазор), Арабистони Саудӣ (166,4 ҳазор) ва АМА (114,7 ҳазор нафар) сафар намудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед