Ru  | Tj
Беш аз 3 миллион. Вазорати тандурустӣ омори нави ваксинагирифтагонро нашр кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 3 миллион. Вазорати тандурустӣ омори нави ваксинагирифтагонро нашр кард
Акс: РБК

Беш аз 3 миллион. Вазорати тандурустӣ омори нави ваксинагирифтагонро нашр кард

Нашр шуд

Душанбе – шаҳри эмин аз COVID-19. Беш аз 99,6 фисад аз сокинони пойтахт ваксина гирифтаанд

Вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон маъракаи ваксиназанӣ зидди коронавирус бомаром ҷараён дорад ва то имрӯз беш аз се миллиону 200 ҳазор нафар эм шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, то 30-уми ноябр дар кишвар ҳудуди 51, 8% аз шумори умумии мақсадноки аҳолӣ бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина гирифтаанд. Бо вояи дуюми ваксина бошад, беш аз дувуним миллион нафар, яъне 44,5% эм шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустӣ аз эҳтимоли омадани навъи нави коронавируси "омикрон" ба Тоҷикистон гуфта буд.

Наврӯзов таъкид дошта буд, ки ин навъи вирус, ки дар Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст, эҳтимол ба Тоҷикистон ҳам ояд ва аз ин рӯ, мақомоти кишвар аз ин ҳол барои ҷилавгирӣ аз вуруди ин вирус ба Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешанд.

Ҳоло дар кишвар панҷ намуди ваксина – “AstraZeneca”, “CoronaVac”, “Moderna”, “Pfizer” ва Sputnik V ба мардум пешниҳод мегардад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қаблан эълон намуда буд, ки то охири сол бояд 62,5 фисади сокинон ваксина бигиранд.

Дар Тоҷикистон аз оғози пандемия то имрӯз 17 095 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумор 124 нафар фавтида, боқӣ сиҳат ёфтаанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед