Ru  | Tj
Бештар аз 80 дарсади аҳолии Афғонистон саъй доранд, ки ин кишварро тарк кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бештар аз 80 дарсади аҳолии Афғонистон саъй доранд, ки ин кишварро тарк кунанд
Акс: РБК

Бештар аз 80 дарсади аҳолии Афғонистон саъй доранд, ки ин кишварро тарк кунанд

Нашр шуд

Бар асоси назарсанҷии охири “Gallup”, бо вуҷуди он ки таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба хурӯҷи гурезаҳои украинӣ бештар мешавад, миллионҳо афғонистониҳо то ҳол дар пайи ба қудрат расидани Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) роҳи раҳоӣ меҷӯянд.

Бар асоси назарсанҷие, ки ин донишкада дар моҳҳои август ва сентябри соли гузашта (баъд аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ) анҷом дод, ҳудуди 80 дарсади афғонҳо мехоҳанд, кишварро тарк кунанд.

Пажӯҳишгоҳ ҳамчунин мегӯяд, ки ин рақам ба далели фақр ва гуруснагии густурда дар саросари кишвар акнун метавонад ба маротиб бештар аз рақами 80 дарсад дар авоили суқути ҳукумати қаблӣ бошад.

Ниҳоди мазкур афзуда, ки тамоюли тарки кишвар тақрибан дар тамоми қишрҳои ҷомеаи Афғонистон вуҷуд дорад.

Ин ниҳод мегӯяд, бештари афғонистониҳо асосан хостори ҳиҷрат ба кишварҳои Туркия, Олмон, Канада ва Иёлоти Муттаҳида ҳастанд.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгоҳ, буҳрони башарӣ дар Афғонистон бадтар мешавад ва ҳудуди 82 дарсади занон ва 69 дарсади мардон имкони харидории ғизои кофиро надоранд.


Аҳолии Тоҷикистон ба 130 ҳазор нафар афзудааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед