Ru  | Tj
Бидуни шавҳар ба назди пизишк рафтани занони афғон аз ҷониби Толибон манъ карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

 Бидуни шавҳар ба назди пизишк рафтани занони афғон аз ҷониби Толибон манъ карда шуд
Акс: Интернет

Бидуни шавҳар ба назди пизишк рафтани занони афғон аз ҷониби Толибон манъ карда шуд

Нашр шуд

Дар вилояти Ғазнии Афғонистон ба табибон дастур дода шудааст, ки маризони ҷинси латифро ба муолиҷа фаро нагиранд, дар ҳоле, агар шавҳарашон онҳоро дар беморхона ҳамроҳӣ накарда бошанд.

Тавре, "Азия-плюс" хабар медиҳад, ин мамнӯъият ба вилоятҳои дигари Афғонистон низ тавсеа шуда истодаанд.

Таъкид мегардад, ки қаблан зани афғон метавонист бо ҳамроҳии яке аз хешовандонаш ба бемористон биравад, аммо Комиссияи "Толибон"* оид ба роҳбарият ва қабул чунин мешуморад, ки амали бидуни огоҳии шавҳар ба назди табиб рафтани зан "ғайриқонунӣ ва бадахлоқӣ" аст.

Зимнан, миёнаҳои моҳи декабри соли ҷорӣ дар Афғонистон ҳукм бароварда шуд, ки ба занон кушодани чеҳра ва ҳар узви баданашон мамнӯъ аст. Ҳоло ба бонувони Афғонистон иҷозат дода шудааст, ки танҳо бурка, бурқа (ҷомаи пурра маҳкам) ё ниқоб (ҷома бо сурохии чашм) пӯшанд.

Ҳамчунин, пӯшидани ҷомаи рангоранг мамнӯъ буда, ба бар кардани либосҳои танҳо рангҳои торикдошта иҷозат дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки аз замони ба қудрат расидани Толибон (моҳи августи соли 2021) 43 дарсади расонаҳо дар ин кишвар баста шуданд. Ҳудуди 6400 нафар хабарнигору  корманд  бекор монданд. Дар ин росто,  84 дарсади занони рӯзноманигор аз мақом барканор шуданд ва дигар ба ҳеҷ кадоми онҳо иҷозаи баромад ва кору фаъолият доштан дар телевизион дода нашуд. 

"Толибон"* - ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


СҲИ Хазинаи кӯмаки башардӯстона ба Афғонистонро таъсис медиҳад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед