Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
БМТ: Аз пулҳои қалбакӣ эҳтиёт бошед
Нашр шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба сокинон дар мавриди истифодаи пулҳои қалбакӣ дар муомилот ҳушдор дод.
Ин ниҳод бо нигаронӣ мегӯяд, ки имрӯзҳо баъзе ашхос ё гурӯҳ талош мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардумро фиреб диҳанд.
Аз ҷумла, вақтҳои охир дар шабакаҳои интернет наворҳои гуногун дар бораи истифода шудани коғазҳои дорои навиштаҷоти “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ” ва монанд ба пулҳои коғазии арзиши 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон нашр мешаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон зикр мекунад, ки ин гуна чиптаҳо аз рӯи намуди зоҳирӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат доранд, аммо дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ, ба монанди нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ нестанд.
Таъкид мешавад, ки шаҳрвандон барои пешгирии ҳолати мазкур зимни додугирифт бо пули нақд бояд ба нишонаҳои ҳимоявии пули миллӣ - сомонӣ диққат дода шавад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд, ки пулҳои коғазӣ бо истифода аз равандҳои муосир ва маводи химиявии полимерӣ омода карда мешаванд. Ба ин пулҳо унсурҳои махсуси лазерӣ, рангҳои тағйирёбанда ва ҳифзкунанда дохил мешаванд, ки шинохти онҳо хеле осон аст.
Ин ниҳод ҳушдор, ки чоп ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ё арзи хориҷӣ тибқи кодексҳои ҷиноятӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад.
Бинобар ин, аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳангоми муомилот бо пули нақд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ба нишонаҳои муҳофизатии пулҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслашон шубҳанок бошад бояд ба наздиктарин сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва ё Кумитаи давлатии амният хабар дода шавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед