Ru  | Tj
Бо даъвати Мишел. Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба Брюссел рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бо даъвати Мишел. Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба Брюссел рафт
Акс: ASIA-Plus

Бо даъвати Мишел. Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба Брюссел рафт

Нашр шуд

Рӯзи якшанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба Аврупо, ба Подшоҳии Белгия рафт.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайате иборат аз Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ба Брюссел сафар кард.

Дар фурудгоҳи Душанбе ӯро Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллӣ, Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон ва дигар афроди расмӣ гусел кардаанд.

Бояд гуфт, ки Шарл Мишел, Президенти Иттиҳоди Аврупо моҳи август дар як тамоси телефонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварда буд, ки бо як сафари корӣ ба Брюссел биёяд.

Дар он суҳбат, ки бо ташаббуси Шарл Мишел сурат гирифт, тарафҳо вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ карда буданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон навишта буд, ки дар ин гуфтугӯи телефонӣ тарафҳо мавқеъгирии ҳамдигарро дар мавриди мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намуда, бобати идомаи тамосҳо дар ҳамаи сатҳҳо ба тавофуқ расидаанд.

Сафари кории шаҳрдори Душанбе ба Москва


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед