Ru  | Tj
Бо даъвати Путин. Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербург рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бо даъвати Путин. Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри  Санкт-Петербург рафт
Акс: ASIA-Plus

Бо даъвати Путин. Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербург рафт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ва ба манзури ширкат дар нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои ИДМ ба Санкт-Петербург рафт.  

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз дар раъси як ҳайати бонуфуз ва барои ширкат дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ озими Санкт-Петербург шуд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири мудофиа ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.   

Қаблан расонаҳои русӣ навишта буданд, ки Президенти Русия Владимир Путин роҳбарони кишварҳои ИДМ-ро ба Санкт-Петербург даъват намудаву бо онҳо нишастҳои муштарак ва дуҷониба анҷом медиҳад. 

Ба нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин президентҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд. 

Бояд гуфт, ки ин гуна нишастҳои ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ бо ташаббуси Путин то замони сар задани пандемияи коронавирус ҳамасола баргузор мешуд. 

Ширкатҳои сохтмонии Русия минбаъд бо даъват муҳоҷиронро ба кор қабул мекунанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед