Ru  | Tj
Бо омадани Толибон 1 миллион афғонистонӣ бекор шудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бо омадани Толибон 1 миллион афғонистонӣ бекор шудаанд
Акс: Интернет

Бо омадани Толибон 1 миллион афғонистонӣ бекор шудаанд

Нашр шуд

Созмони Байналмилалии Кор (СБМ) дар гузориши худ мегӯяд, аз замони тасарруфи Толибон* дар Афғонистон ва суқути ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион нафар дар Афғонистон ҷои кори худро аз даст додаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бӯҳрони иқтисодӣ Афғонистонро хароб карда ва бозори кориро башиддат танг кардааст.

Созмони Байналмилалии Кор гуфтааст, ки афроди осебдида занон, кишоварзон, маъмурони давлатӣ, кормандони иҷтимоӣ ва сохтмончиён будаанд, зеро онҳо ё кори худро аз даст додаанд ва ё маош намегиранд.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки бисёре аз ширкатҳо таҳти фишор қарор доранд ва базӯр зинда монданд, зеро ҳамарӯза ҳазорон афғонистонӣ аз кишвар фирор мекунанд.

Пеш аз ин гузоришҳое ба нашр расида буд, ки Толибон бо камбуди нерӯи кор рӯбарӯ ҳастанд ва аз Покистон мутахассисини арсаҳои мухталифро даъват намудаанд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Иттиҳоди Аврупо расман намояндагии худро дар Кобул боз кардааст



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед