Ru  | Tj
Бо пешниҳоди Масуд Халифазода дар Лондон Клуби сафирони СҲШ таъсис ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бо пешниҳоди Масуд Халифазода дар Лондон Клуби сафирони СҲШ таъсис ёфт
Акс: Интернет

Бо пешниҳоди Масуд Халифазода дар Лондон Клуби сафирони СҲШ таъсис ёфт

Нашр шуд

Чунин клуб дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин низ таъсис ёфтааст.

Имрӯз бо пешниҳоди Масуд Халифазода сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Лондон Клуби сафирони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таъсис ёфт. Клуби мазкур дар  доираи вохӯрии кории сафирони кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раисии Тоҷикистон баргузор гардид, таъсис дода шуд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар клуб ба таври мунтазам бояд ҷаласаҳои минбаъдаи созмон баргузор карда шавад.

Гуфта мешавад, ки зимни вохӯрии кории сафирони кишварҳои узв инчунин мақолаи Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», ба иштирокчиён расонида шудааст.

Клуби сафирони СҲШ майдони ғайрирасмии мубоҳисавӣ буда, ба дарёфти самтҳо, шаклҳо ва усулҳои нави ҳамкории бисёрсоҳавӣ дар доираи СҲШ нигаронида шудааст. 

Қаблан бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 13-ум ва 14-уми июл дар Душанбе баргузор гардида буд, Низомнома дар бораи гимни СҲШ қабул гардида буд.



Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед