Ru  | Tj
Бо сармоягузории Бонки тавсеъаи исломӣ дар Тоҷикистон 53 мактаби нав бунёд мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бо сармоягузории Бонки тавсеъаи исломӣ дар Тоҷикистон 53 мактаби нав бунёд мешавад
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Бо сармоягузории Бонки тавсеъаи исломӣ дар Тоҷикистон 53 мактаби нав бунёд мешавад

Нашр шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 17-уми апрел созишнома миёни ин кишвар ва Бонки тавсеъаи исломиро тасвиб карданд, ки дар чаҳорчӯби он барои рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон 85 милён долар ҷудо мешавад. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар дод.

Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки маблағҳои Бонки тавсеъаи исломӣ барои амалисозии марҳилаи дувуми лоиҳаи муштараки «Пуштибонии амалисозии барномаи роҳбурдии миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» масраф мешавад.

Ба гуфтаи вай, қисмати асосии лоиҳа бо маблағи 59,3 милён долар барои сохти 53 мактаб ва таҳҳизи онҳо бо мебел, зерсохтҳои диҷитолӣ, таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва маводи таълимӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон номбурда афзуд, ки қисматҳои дигари лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сифат ва самаранокии хидматрасониҳои таълимӣ (16,5 милён долар), пуштибонии татбиқи лоиҳа (2,57 милён долар), хидматрасонии аудити молӣ (0,05 милён долар) ва қисмати вокуниш ба рухдоди фавқулода мебошад. Дар идома зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он соли 2029 барномарезӣ шудааст.

Дар баробари ин Парвина Маликзод, муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86 милён долар маблағи қарзӣ ва грантӣ аст. Вай афзуд, ки ин лоиҳа аз ҳисоби қарзи Бонки тавсеъаи исломӣ ба маблағи 45 милён долар, саҳмияи Сандуқи шарикии ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳсилот ба маблағи 25 милён долар ва қарзи Сандуқи ОПЕК ба маблағи 8 милён долар сармоягузорӣ мешавад. Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 8 милён доллар аст.

Парвина Маликзод таъкид кард, ки  ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим, ислоҳоти барномаи таълимӣ дар асоси сифати таҳсилот, ҳамчунин ҷиҳати рушди касбии омӯзгорон дар донишафзоии омӯзгорон аст.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон  ҳудуди 4 ҳазор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунад. Гуфта мешавад, ки дар айни замон низоми маорифи Тоҷикистон дар соли 2023  2,6 милён касро ба таҳсил фаро гирифтааст ва тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 милён кас мерасад.

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта дар паёми солонаи худ ба парлумон гуфт, ки соли 2023 дар ин кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои сармоягузорӣ 200 муассисаи таълимии нав ва сохтмонҳои изофӣ барои беш аз 85 ҳазор донишомӯз сохта шуд, аммо бо ин вуҷуд то ҳанӯз барои 73 ҳазор донишомӯз ҷойи нишаст намерасад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед